Вазорати дифои ИМА Русияро ба даст доштан дар ҷиноятҳои режими Башор Асад муттаҳам кард ва аз Кремлин хост, ба ҷойи ба самти дигар кашидани таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба коҳиши бӯҳрони башарӣ дар Ғутаи Шарқӣ мусоидат кунад.
Намояндаи Пентагон ба таҳдиди раҳбари Ситоди кулли нерӯҳои Русия Валерий Герасимов, рӯзи гузашта дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC вокуниш кард. Герасимов гуфт, ИМА мехоҳад нерӯҳои Сурияро ба ҳамлаи кимиёвӣ айбдор ва ҳуҷуми эҳтимолиаш ба муассисаҳои низомии Сурия дар Димишқро тавҷеҳ кунад.
Ба гуфтаи намояндаи Пентагон, "далелҳои нав ба нави истифодаи артиши Сурия аз силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардумашро, ки нақзи ваҳшатноки қонуни байналмилалӣ аст, наметавон сарфи назар кард".
"Ин далел, ки Русия наметавонад мушкили силоҳи кимиёвиро танзим кунад, салоҳияти ин кишварро ба таъсири мусбат ва дурнамои ҳалли бӯҳрони Сурия зери суол мебарад",- гуфт намояндаи Пентагон.
Рӯзи гузашта ИМА гуфт, агар ҳукумати Сурия аз татбиқи қатъномаи СММ, барои берун овардани захмиҳо аз майдони ҷанг дар Ғутаи Шарқӣ сарпечӣ кунад, Амрико маҷбур аст аз "чораҳои мушаххас" кор бигирад.