"Соҳибкорони тоҷик 20%-и даромади худро пинҳон мекунанд"

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Соҳибкорони тоҷик панҷяк ё 20 дарсади даромади солонаашонро аз андоз пинҳон мекардаанд. IFC – Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар пайи баргузории як пажӯҳиш ва омӯзиши вазъияти тиҷорат дар Тоҷикистон ин нуктаро ошкор кард.

"Дар амал дигар, дар коғаз дигар"

Пажӯҳишгарони IFC навиштаанд, ки вазъи душвори иқтисодӣ дар кишвар соҳибкоронро маҷбур кардааст, роҳҳои гуногуни сарфаҷӯӣ, аз ҷумла кам кардани маблағи андозро ҷустуҷӯ кунанд

Муаллифони гузориш навиштанд, бинобар сабаби сарбории зиёди андоз соҳибкорон роҳҳои гуногуни кам кардани манбаи андозбандиро меҷӯянд. Як василаи маъмулии фирор аз пардохти андоз кам нишон додани маоши кормандон дар дафтарҳои муҳосибӣ будааст. 78 дарсади соҳибкорони пурсида шуда гуфтаанд, ба кормандонашон пинҳонӣ маоши баланд медиҳанд, аммо дар асл, андозаи онро дар ҳуҷҷатҳо кам нишон медиҳанд.

Усули дигаре, ки ширкатҳову соҳибкорон барои фирор аз андоз ба кор мебаранд, кам нишон додани даромад будааст. Ба ибораи дигар, соҳибкорон қисмате аз даромадҳояшонро ба хотири камтар пардохт кардани андоз дар асноди муҳосибӣ умуман сабт намекардаанд.

Шикоят аз тафтишҳои паёпай

Лаҳзае аз мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон. Душанбе, 14-уми октябри 2017

Дар навбати худ соҳибкорон дар Тоҷикистон аз тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади кам аз фаъолияташон шикоят доранд. Дар соли 2017, ба иттилои мақомот, беш аз 28 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тарки пеша карданд.

Пажӯҳишгарони IFC навиштаанд, ки вазъи душвори иқтисодӣ дар кишвар соҳибкоронро маҷбур кардааст, роҳҳои гуногуни сарфаҷӯӣ, аз ҷумла кам кардани маблағи андозро ҷустуҷӯ кунанд. Як роҳи дигари гурез аз андоз “ба мувофиқа расидан бо масъулони алоҳидаи мақомоти андоз” будааст. 31 дарсад аз пурсидашудагон ба муаллифони ин пажуҳиш аз ҷой доштани чунини вазъият хабар додаанд.

Сарпечӣ ва ба кор бурдани даҳҳо усул барои фирор аз андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки ба эътирофи муаллифони ин пажӯҳиш мизони андоз дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа хеле баланд аст.

"Ҳамаи соҳибкорон аз андоз фирор намекунанд"

Мизони умумии андоз дар Тоҷикистон айни замон ба беш аз 65 дарсад мерасад. Ҳарчанд андозҳо назар ба 3 соли пеш беш аз 15 дарсад кам шудаанд, ҳанӯз ҳам аз ҳамсоякишварҳое ба мисли Узбакистон ( 38 дарсад), Қирғизистон (29 дарсад) ва Қазоқистон (29 дарсад) боло будааст.

Суҳроб Оймаҳмадов, ки аз соли 2002 ба ин тараф ба истеҳсоли маводи шустушӯ ва сохтмон машғул аст, гуфт, соҳибкорӣ дар Тоҷикистон машаққати зиёд ва фоидае каме дорад. Оймаҳмадов рӯзи 10-уми март гуфт, на ҳамаи соҳибкорон 20 дарсад даромади худро пинҳон мекунанд, балки як иддае аз соҳибкороне ҳастанд, ки ба ин кор даст мезананд.

“Албатта, баъзеҳо даромади хешро пинҳон мекунанд. Соҳибкор мехоҳад, аз заҳматаш суд бубинад, на ин ки зарар. Мехоҳад, корхонааш фаъол бимонад ва истеҳсолот дар дохили кишвар бошад. Намешавад ба ҳама соҳибкорон туҳмат зад, ки аз пардохти молиёт фирор мекунанд”, - афзуд ӯ.

"Табиати соҳибкор ҳамин аст"

Шамсиддин Ҷалолов

Ин тоҷири тоҷик ҳам мегӯяд, воқеан, мизони андозҳо дар Тоҷикистон баланд ҳаст ва дар сурати каме поин овардани онҳо аксари соҳибкорон андозро ба пуррагӣ хоҳанд пардохт. Ин соҳикбори тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон, бахусус корхонаҳои истеҳсолӣ, дар пардохти андоз мушкилӣ мекашанд. Ӯ гуфт, “ширкатҳо мол истеҳсол мекунанд, аммо ҳоло касе борро нақд намегирад. Мол тавлид шуд, мақомот андозро меситонанд, ки барои корхонаҳо душворӣ эҷод мекунад”, - иброз дошт Суҳроб Оймаҳмадов.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддон ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорон ба ҳар роҳе мехоҳанд даромади худро бештар кунанд, ҳатто аз роҳи пинҳон кардани даромадҳо аз чашми андоз. Ӯ гуфт, “табиати соҳибкор ҳамин аст, ки мехоҳад бештар фоида бигирад. Аз ин рӯ, соҳибкорон бо ҳар роҳу васила талош мекунанд, даромади худро камтар нишон дода, аз пардохти андоз сарпечӣ кунанд”.

Сабти беш аз 300 ҳазор соҳибкору ширкат

Ҷалолов афзуд, барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ва пурра ситондани андозҳо ба манфиати буҷет мақомоти андоз шеваҳои ҷамъоварии онро боз ҳам бояд соддатар, аммо назорат аз болои пардохти андозҳоро, баръакс, пурзӯр бояд кунанд.

Зиман, Кумитаи андоз Тоҷикистон иддаои созмонҳои байналмилалиро дар заминаи баланд будани мизони андоз дар кишвар бепоя мехонад ва мегӯяд, таҳлилҳои онҳо собит кард, ки меъёри миёнаи андоз дар Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои дигар чандон баланд нест. Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 301 ҳазор ширкат ва соҳибкорон сабти ном шуда фаолият мекунанд.