Писари собиқ додситони кулл ҷустуҷӯ мешавад

Алишер Қодиров

Мақомоти Узбекистон Алишер Қодиров, писари 39-солаи Рашид Қодиров – собиқ додситони кулли он кишварро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 6-уми март эълон кард, ки Қодирови хурдӣ бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноӣ – «тамаъҷӯӣ» ва «тақаллуб» – муттаҳам аст. Ӯ ду ҳафта қабл, чанд рӯз пеш аз боздошти падараш Узбекистонро тарк карда буд.

Як манбаъ дар ВКД гуфт, нисбат ба Рашид Қодиров аз рӯи моддаҳои “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мақоми давлатӣ” ва “гирифтани пора” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи вижаи Додситонии кулли Узбекистон дар сохторҳои тиҷоративу соҳибкории Тошканд тафтишу санҷишҳои густардаеро ба роҳ мондааст, ки ба эҳтимоли ғолиб, марбут ба қазияи собиқ додситони кулли он кишвар Рашид Қодиров аст. Аз афроди зарардида аз дасти прокурори пешини генералӣ дар маҷмӯъ дар ҳаҷми ним миллиард доллар аризаи шикоятӣ ворид шудааст.

Як корманди ВКД Узбекистон, ки ба бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод, гуфт, ҳоло санҷиши молу мулки додситони кулли собиқ дар “Инфинбанк”, шабакаи тиҷоратии Flagman ва Кумитаи давлатии гумруки кишвар сурат мегирад. Ин хабарро чанд манбаи дигар ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Аз рӯи иттилои ин манобеъ, дар ҷараёни тафтишот мудири шабакаи тиҷоратии Flagman ва як мақоми баландпояи гумрук боздошт шудааст. Корманди гумрук дар он муттаҳам мешавад, ки анборҳои марбут ба гумрукро дар ихтиёри тиҷоратҳои хонаводаи Қодировҳо қарор додааст. Соҳиби «Инфинбанк» ба саволҳои тафтишот посух медиҳад.

Рашид Қодиров

"Инфинбанк" дар шустушӯи пулҳои Қодиров муттаҳам мешавад

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки корманди низоми бонкдорӣ дар Узбекистон аст, гуфт, соҳиби ғайрирасмии «Инфинбанк» Фарҳод Мамадҷонов дар шустушӯи пулҳои додситони собиқ муттаҳам мешавад. Ин мусоҳиби бахши узбакии радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни кор дар дохили «Инфинбанк» огоҳ аст, гуфт, бонк пулҳои Рашид Қодировро дар чархиш қарор медод. Ин манбаъ гуфт, бо онки расман мақоми Мамадҷонов дар ин бонк узви мудирон навишта шудааст, дар асл ӯ соҳиби ин муассисаи молӣ мебошад.

Дар озодӣ ваё паси панҷара?

Дар бораи сарнавишти Фарҳод Мамадҷонов ба унвонии Радиои Озодӣ хабарҳои зидду нақиз мерасанд. Кормандони «Инфинбанк» рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки дар парвандаи Қодиров Мамадҷонов ба ҳайси шоҳид, на гумонбар иштирок мекунад ва ба шарти тарк накардани макони зисташ дар озодӣ мебошад.

Вале як соҳибкор аз Қазоқистон, ки худро муштарии «Инфинбанк» муаррифӣ кард, гуфт, «Мамадҷонов аз рӯи иттиҳоми шустушӯи пули додситони собиқи кулл боздошт шуда, ба саволҳои муфаттишони ВКД посух медиҳад». Тасдиқи дурустии ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Даъвоҳое бо арзиши 500 миллион доллар

Вале бар пояи иттилои Радиои Озодӣ дар миёни мақомоти баландпояи мухталиф дар Тошканд, дар ҷараёни тафтишот Фарҳод Мамадҷонов “маҷбур шуд, ба фоидаи давлат маблағҳоеро баргардонад, ки аз ҷониби Рашид Қодиров тавассути "Инфинбанк" аз худ карда шудаанд».

Як корманди собиқи ин бонк гуфт, пулҳо тавассути бонкҳои Дубай ва Рига ба суратҳисобҳои бонкҳои Швейтсария интиқол дода шуданд. Айни замон, маълум шудааст, ки додситонии кулл аз чанд соҳибкоре баёния гирифтааст, ки гуфтаанд, ба додситони собиқ маҷбур буданд тӯҳфаву ришваҳои гаронбаҳо бидиҳанд. Арзиши умумии ҳамаи ин даъвоҳои пулӣ ним миллиард долларро ташкил медодааст.

Як манбаъ дар ВКД гуфт, нисбат ба Рашид Қодиров аз рӯи моддаҳои “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мақоми давлатӣ” ва “гирифтани пора” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Моликияти ӯ, аз ҷумла хонаи хусусӣ ва мошинҳои шахсиаш рӯйхат шудааст. Ин манбаъ инчунин гуфт, масъуляти мудирияти пулу моликияти додситони куллро Фарҳод Мамадҷонов ва писари ӯ Алишер Қодиров ба зимма доштанд.

Ҳабси мақоме аз Кумитаи давлатии гумрук

Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми март хабар дод, ки собиқ муовини собиқи раиси кумитаи давлатии гумруки Узбекистон Бахтиёр Раимов рӯзи 23-юми феврал бо дархости додситонии кулл боздошт шуд. Ин шахс барои ғайриқонунӣ дар ихтиёри Қодировҳо гузоштани анборҳои гумрук айбдор мешавад. Як манбаъ гуфт, Раимов рӯзи 21-уми феврал аз мақомаш барканор шуд. Зимнан, дар як ҷаласаи пӯшидаи ҳукумати Узбекистон чанд рӯзи пеш президент Шавкат Мирзиёев гуфт, нисбат ба Раимов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Фурӯши соатҳои тиллои тақдимшуда ба прокурори собиқ

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД Узбекистон гуфт, ҳафтаи гузашта мудири шабакаи тиҷоратии Flagman - шахсе бо номи Ҳабибулло боздошт шудааст. Ин шабака ҳам марбут ба додситони собиқ будааст. Ин шабака ба фурӯши маҳсулоти гаронбаҳо, аз ҷумла соат ва ҷавоҳироти ширкати Swarovsk ихтисос доштааст. Фарҳод ба нафароне, ки аз Рашид Қодиров кумак мехостанд, машварат медодааст, ба прокурор соате бо арзиши 100 ҳазор доллар тақдим кунанд. Ин соатҳои тақдимшуда баъдан ба фурӯшгоҳ баргашта дубора фурӯхта мешуданд. Як соҳибкоре, ки ин ҷузъиётро нақл кард, гуфт, баъзе соатҳо то 4-5 дафъа фурӯхта мешуданд.

Бозгашт аз Дубай

Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми март хабареро тасдиқ кард, ки мегӯяд, консули генералии кишвар дар Имороти Муттаҳидаи Араб Мансур Қиличев ҳамчунин барои бозпурсӣ аз рӯи парвандаи додситони кулл даъват шудааст.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори Озодӣ намояндаи дафтари матбуоти ВКХ Узбекистон танҳо хабари бозгашти Қиличев аз Дубай ба Тошкандро тасдиқ карду бас.