Қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешинро Скотланд Ярд пеш мебарад

Пулиси Бритониё минтақаеро, ки ҷосуси пешини Русия дар он аз пой афтод, таҳти назорат гирифт.

Воҳиди зидди терроризми пулиси Бритониё тафтиши қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯро бар дӯш гирифт. Скотланд Ярд эълон кард, ки бино ба "мавриди ғайриоддӣ" будани қазия, тафтиши онро воҳиди зиддитеррористӣ пеш мебарад. Қаблан вазири умурии хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, иштироки давлати хориҷӣ дар ин ҳодиса "беҷазо" намемонад.

Скрипали 66-сола ва духтари 33-солаи ӯ Юлия дар бахши эҳёгарии бемористони Солсберӣ бистарӣ шудаанд. Би-би-сӣ аз қавли хешони Скрипал гуфтааст, баъзе аъзои оилаи ӯ солҳои охир ба таври асроромез даргузаштанд.

"Александр Скрипал, писари 44-солаи полковники пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал, соли гузашта аз бемории ношинос вафот кард", - навиштааст нашрияи The Times.

Ба навиштаи нашрияи The Guardian, ҳамсари Скрипал соли 2012 дар фурсати кӯтоҳи баъди кӯч бастан ба Бритониё, аз бемории саратон фавтид. The Times мегӯяд, Юлия аз соли 2010, баъди табодули ҷосусҳо бо Русия, дар Бритониё зиндагӣ мекард. Аммо баъдан ба Русия баргашт ва дар PepsiCo Russia кор мекард. Ӯ ба Бритониё ба дидорбинии падараш омада буд.