Сэм Нанберг, мушовири пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфт, дар доираи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016, баёнот намедиҳад.
Ӯ дар суҳбат бо телевизиони MSNBC гуфт, тайи 80 соат бо мушовирони пешини президент Трамп - Стив Бэннон ва Роҷер Стоун номаҳои электронии худро баррасӣ нахоҳад кард. Нанберг даъвати додситони махсус Роберт Мюллерро барои ироаи баёнот "комилан бемаънӣ" номида, созиши эҳтимолии Трамп бо Русияро қотеъона рад кард.
Ахиран Мюллер аз Трамп ва мушовиронаш хост, ки номаву ҳуҷҷатҳои худро аз соли 2015 ба ин сӯ пешниҳод кунанд.
Дар ИМА эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико мавриди санҷиш қарор дорад. Додситони махсус Мюллер бояд муайян кунад, ки Трамп ва Кремл дар давраи интихобот зидди номзади Ҳизби демократии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон созише карда буданд, ё не. Мюллер аллакай зидди чанд мушовири Трамп ва 13 шаҳрванди Русия айб эълон кардааст. Москва дахолати худро дар интихобот рад мекунад.
Сэм Нанберг бо Трамп аз соли 2011 кор мекард. Ӯ яке аз аввалин мушовирони сиёсии Доналд Трамп буд. Вале соли 2015 аз мақоми худ дар ситоди интихоботии Трамп барканор шуд.