Дар остонаи Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз, шаҳрдории Душанбе ба заноне, ки дар бахши тозагиву ободонии пойтахт фаъолият мекунанд, ҳудуди 3 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Ба иттилои сайти расмии шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз ин иқдом, "ҳавасманд намудани занону бонувон" гуфта шудааст. Бар пояи ин феҳристи таҳияшуда, ин маблағ (2 920 000) то рӯзи 6-уми март ба бонувон супурда хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе, ки расман ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, тақрибан дуним ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд ва маоши онҳо аз 600 то 800 сомонист. Ҳаштод дар сади кормандони Хоҷагии коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд. Агар солҳои пеш бештар занҳои солхӯрда ба поккории шаҳр ҷалб мешуданд, ҳоло бо як назар метавон дарёфт, ки синни занони роҳрӯб торафт ҷавонтар мешавад.
Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт буда, дар гузашта хонанишин ё кормандони фабрикаву корхонаҳои давлатӣ буданд. Ҳарчанд дар гузашта ин табақаи коргарон камтар қадр мешуданд, аммо дар чанд соли охир шаҳрдории Душанбе дар ҷашну идҳои миллӣ ба онҳо мукофотпулӣ медиҳад. Соли 2016 Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе, дар як ҷаласа онҳоро «посбони зебоиву тозагии шаҳр» унвон карда, барояшон 2 миллион сомонӣ ёрии якдафъаина ҷудо карда буд.