Чин қавл дод, ки дар Хуҷанд шаҳраки ваъдагиро месозад. ВИДЕО

Як ширкати мутааллиқ ба чиниҳо, ки се сол пеш ба хотири бунёди "шаҳраки чинӣ" манзили чанде аз сокинони шаҳри Хуҷандро вайрон карда буд, қавл додааст, сохтмони хонаҳои нав ба зудӣ аз сар гирифта мешавад.

Додхоҳӣ аз Хуҷанд то Чин

Фарзандонамон калон шудаанд. Набераҳо ҳастанд. Онҳоро тӯй кардан зарур аст. Ба умедем, ки хонаи ваъдагиашонро месозанду ба он мекӯчем

Ҳудуди 30 оила дар маҳаллаи Раҳмон Набиеви Хуҷанд, ки ба тахриби хонаҳояшон розӣ шуда буданд, се сол боз дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд. То ҳол на ширкати мутааллиқ ба шаҳрвандони Чин ва на мақомоти тоҷик сабаби аслии ба таъхир афтодани сохтмони шаҳракро эълон накардаанд.

Дар пайи арзу доди зиёди сокинон шаҳрдории Хуҷанд се намояндаи маҳалларо барои як ҳафта ба Чин фиристод.

Сайдулло Кабиров, сардори кумитаи маҳаллаи "1-уми май"-и Хуҷанд, рӯзи 4-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти ӯ ва ду ҳамроҳаш дар Чин бо раҳбарони ширкати "Ҳусноро-1" доир гардид. Ӯ афзуд, "то мудири кулли ширкату раҳбарони дигар суҳбат кардем. Онҳо ваъдаи қатъӣ доданд. Дар назди мо бо раиси вилоят ҳам телефонӣ суҳбат карданд. Гуфтанд, ки моҳи март омада, корро сар мекунанд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таъхир дар сохтмони "China town"?

Мушкили тарҳ чист: Пул ё намнокии замин?

Ба қавли мусоҳиби мо, мулоқот ва суҳбати онҳо бо масъулони ширкати чинӣ моҳи январи имсол сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло сокинони маҳаллааш чашм ба роҳи омадани чиниҳо ва бунёди маҳаллаи нав ҳастанд. Масъулони ширкат сабаби таъхир дар иҷрои тарҳро нагуфта, танҳо ба мушкили таҳияву тасдиқи лоиҳа рабт додаанд.

Як масъули наздик ба иҷрои тарҳи бунёди биноҳои бисёртабақа дар соҳили рӯди Сир мушкили таҳияи тарҳ ва сохтмонро ба намнокии замини ин маҳал марбут донист. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол аз қабл ин тарҳи гаронарзиш дар назар гирифта нашуда буд ва сабаби таъхири сохтмон низ дар ҳамин аст. Вале, ба гуфтаи ӯ, ҳоло тарҳ омода ва барои тасдиқ ба мақомоти тоҷик пешниҳод шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, низ дар ин бора дар нишасти ахири хабариаш ишора кард. Ӯ гуфт, ширкати мутааллиқ ба шаҳрвандони Чин бо ҳар кадоми сокинон ҷудогона қарордоди дусола баста буд ва дар ин муддат бояд бо хонаҳои нав таъмин мешуданд.

"Пули иҷораро медиҳанд, аммо мисли хонаи худам нест"

Хонаи заминии оилаи Ҳошимовҳоро тобистони соли 2015 дар қатори манзили ҳудуди 30 хонавода ба хотири холӣ кардани ҷои бунёди шаҳраки "China town" хароб карданд. Ҳоло ин оила, иборат аз 10 нафар, дар манзили иҷора зиндагӣ дорад. Рафоат Ҳошимова, сарвари ин хонавода мегӯяд, ширкат пули иҷораи манзилро мепардозад, вале дар хонаи иҷора худро роҳат ҳис намекунанд.

"Фарзандонамон калон шудаанд. Набераҳо ҳастанд. Онҳоро тӯй кардан зарур аст. Ба умедем, ки хонаи ваъдагиашонро месозанду ба он мекӯчем", - афзуд ӯ.

Раҷаббой Аҳмадзода

Бунёди, ба истилоҳ, "China town" дар маркази вилояти Суғд моҳи августи соли 2015, ҳангоми мулоқоти раиси собиқи Хуҷанд - Раҷаббой Аҳмадзода - ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморону сохтмончиёни Чин ниҳоӣ шуда буд. Бар пояи хабарҳои расмӣ, тибқи қарордод тарҳи ин шаҳрак, бунёди 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила, мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоиро дар бар гирифта, мӯҳлати анҷомаш дар 5 сол пешбинӣ мешуд.

Вале дар соли сеюми баъди қарордод ба ҷуз тахриби хонаҳои сокинони маҳалли сохтмон ва ҳамвор кардани ҷойи сохтмони оянда дигар коре ба анҷом расонда нашудааст. Теъдоди онҳое, ки мунтазири бунёди хонаҳои нав ҳастанд, ба беш аз 300 нафар мерасад.