Рӯзигул, духтари калонии Сурайёи Қосим ва хоҳари бузурги Шабнами Сурайё, дар садамае аз пояш ҷароҳат бардошта, дар бемористон табобат мегирад. Наздикони Рӯзигул гуфтанд, ки ин ҳодиса баъд аз зуҳри 2-юми март дар чорроҳаи миёни Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ рух дод.
Рӯзи ҷумъа сарусадо дар бораи гӯё дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон будани Шабнами Сурайё ба чархиш даромад. Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ низ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиданд, ки ин хабар то куҷо дуруст аст.
Қаблан Шабнами Сурайё эълон карда буд, ки барои иштирок дар барномаҳои наврӯзии телевизиони GEM дар Туркия қарор дорад. Рӯзигул низ рӯзи 3-юми март дар суҳбат бо ҳафтаномаи «СССР» гуфтааст, ки хоҳараш дар Туркия аст ва ҳеч садамае накардааст.
Рӯзигул гуфтааст, ӯ дучори садама шуд ва пояшро «гипс» карданд. «Ҳоло вазъам хуб аст», - афзудааст ӯ.
Ӯ нақл кардааст, ки «таксии «0550» фармоиш дода, аз хона поин шудам. Ҳангоми гузаштан аз чорроҳаи назди Вазорати тандурустиву бинои ВКД таксӣ истод. Зеро «светофор» сурх буд. Чун сабз шуд, гузаштем. Вале ин ҳангом як мошини тамғаи «Нексӣ» бо суръати баланд чароғаки роҳро дар ранги сурх гузашта, омада ба таксии мо зад. Ба назарам омад, ки чанд бор чарх зада, ахиран сарам ба дари салон заду ҳушам рафт.»
Сурайёи Қосим, овозхони маъруфи тоҷик соҳиби се духтар – Рӯзигул, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст. Ба фарқ аз духтарони дигараш Рӯзигул касби овозхониро интихоб накардааст. Ягона писари ӯ Эмомалиҷони Хуршед соли 2017 даргузашт.