Вазорати умури дохилии Узбекистон мегӯяд, алайҳи муовини пешини додситони шаҳри Тошканд оид ба мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ, мушовири калони адлия Мираглам Мирзоеви 68-сола, мулаққаб ба "Антибиотик" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Як манбаъ дар ВКД Узбекистон гуфт, дар доираи ин парванда писару ҳамсари Мирзоев -- Абдурашид Мирзоев, сардори пешини шуъбаи мубориза бо терроризму ҷиноятҳои муташаккили Хадамоти амнияти Тошканд ва Муҳаббат Ҳасанова, раҳбари Коллегияи адвокатҳои ноҳияи Юнусобод ҳам дастгир шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, Мирзоев ва ҳамсару писараш дар доираи парвандае боздошт гаштанд, ки зидди додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров боз шудааст. Худи Қодиров 22 феврал дастгир шуда буд.
Дар доираи парвандаи Қодиров ҳамчунин Улуғбек Суннатов, муовини пешини додситони кул ва Ҷамшед Файзов, собиқ мушовири президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дастгир шудаанд.
Мирзоеви калонӣ то чанде пеш яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар мақомоти додситонии Узбекистон ҳисоб мешуд. Ӯ баъд аз танқидҳои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи 9 феврал аз мақомаш барканор шуда буд.