Гуруҳи махсуси додситонҳои Узбекистон шаби 23 ба 24 феврал додситони пешини вилояти Тошканд ва мушовири адлия Ҷамшед Файзиевро дар манзилаш боздошт карданд.
Нисбати Ҷамшед Файзиев дар асоси нишондоди додситони пешини ин кишвар Рашид Қодиров парванда кушода шуд. Бино бар иттилои пешакӣ, Файзиев дар анҷоми ҷиноятҳои "Сӯистифода аз мансаб" ва "Порагирӣ" айбдор мешавад.
Додситони пешини вилояти Тошканд 2 августи соли 2017 аз мақом барканор шуд. Он замон Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Файзиевро "дузди аввал" номида буд.
Доситони пешини вилояти Тошканд соли 2013 мушовири давлатии Ислом Каримов - президенти пешини Узбекистон таъйин шуда буд. Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ нуҳ моҳ фаъолият кард ва баъдан муовини додситони кул таъйин шуд. Вале баъди сари қудрат омадани Мирзиёев додситони вилояти Тошканд таъйин гардид.