Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гузаргоҳи байналмилалии “Саразм – Ҷартеппа”-ро расман ба истифода доданд. Ин гузаргоҳ дар канори ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд солҳо боз баста буд.
Рӯзи 18-уми феврали имсол девори байни ин гузаргоҳ, ки мардум “Девори Каримов” меномиданд, вайрон карда шуд.
Манобеи ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ин маросим рӯзи 1-уми март бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Тӯробҷон Ҷӯраев баргузор шудааст. “Инчунин, дар ин маросим фаъолони вилоятҳои ҳаммарзи Суғду Самарқанд ва сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҳузур доштанд”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Рӯзи панҷшанбе гузаргоҳҳои сарҳадии “Ӯротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Хавотоғ-Учтурғон”, “Ҳаштяк - Бекобод” ва “Навбунёд-Поп” низ расман боз гардиданд.
Нармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Гузаргоҳҳои марзии байни ин кишварҳо зоҳиран бо сафари ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи март шурӯъ мешавад.