Ғанӣ пешниҳод кард, ки Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад

Ашраф Ғанӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пешниҳод кард, ки ҳамчун як бахши раванди сулҳу созиш, Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад.

Пешниҳоди Ғанӣ дар конфронси кишварҳо ва созмонҳое садо дод, ки ҳадаф доранд, барои музокироти сулҳ ва хотимаи ҷанги беш аз 16-сола дар ин кишвар платформа эҷод кунанд.

"Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем", - гуфт Ашраф Ғанӣ.

Ғанӣ ба ҷангҷӯён оташбас, озодии зиндониҳо, шиноснома, дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар ва лағви таҳримҳоро пешниҳод кард. Президенти Афғонистон гуфт, ҳамчун бахши созиш бо Толибон, омодааст бознигарии Қонуни асосиро қабул кунад.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди одамони мулкӣ дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд.

Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.