Дар севумин солгарди куштори сиёсатмадори маъруфи мухолифи рус, 27 феврали соли 2015, кӯчаи наве бо номи "Boris Nemzov Plaza" дар Вашингтони ИМА муаррифӣ шуд.
Пешниҳоди ба номи Немтсов додани майдони назди сафорати Русия дар Вашингтон соли 2016 сенатори ҷумҳурихоҳ аз Флорида Марко Рубио ворид шуд ва шӯрои шаҳрӣ низ моҳи январи имсол онро пазируфт.
Дар маросими номгардонии майдон духтари сиёсатмадори кушташуда Жанна Немтсова, муовини раиси ҳаракати "Русияи боз" Владимир Кара-Мурза, Марко Рубио, ҳамраиси Комисияи хелсинкии ИМА сенатор Роҷер Уикер ва мақомоти расмии ИМА иштирок доштанд.
Бино ба иттилои "Садои Амрико", нишонии нави сафорати Русия дар ИМА мақомоти Москваро ба хашм овард. Аз ҷумла, раиси кумитаи умури байналмилалии порлумони Русия Леонид Слутский моҳи январи соли равон гуфт, мақомоти Амрико ин амали дағалонаро барқасди мақомоти Русия анҷом доданд.
Борис Немтсовро 27 феврали соли 2017 дар болои Пули калони рӯди Маскав парронданд. ИМА дар севумин солгарди куштори Немтсов аз мақомоти Русия даъват кард, ки тамоми дастандаркорони куштор, аз ҷумла фармоишгарони онро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашад.