Мақомоти Ҷумҳурии Чех раҳбари шинохташудаи ҷомеаи Курдҳои Сурияро, ки охири ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд, озод карданд.
Додгоҳи шаҳри Прага рӯзи 27 феврал, сарфи назар аз дархости Туркия, Солеҳ Муслим, ҳамраиси пешини ҳизби Иттиҳоди Демократии Курдҳоро озод кард.
Даҳҳо ҷинибдори Муслим дар беруни додгоҳ ҷамъ омада, озодии ӯро талаб карданд. Ҳудуди 200 нафар рӯзи 26 феврал бо чунин талаб дар Прага ҷамъ омаданд.
Солеҳ Муслим рӯзи 24 феврал бо дахости Туркия аз Интерпол дар пойтахти Ҷумҳурии Чех боздошт шуд.
Анкара ӯро ба "шикастани ваҳдати давлат ва кишвар" ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам кардааст. Туркия ҳизби Иттиҳоди Демократии Курдҳоро "гурӯҳи террористӣ" меномад.
Солеҳ Муслими 67-сола соли гузашта аз мақоми ҳамраиси ҳизб истеъфо дод, аммо аз шахсони бонуфӯз шинохта мешавад.