Ширкати "Евро Полис"-и марбут ба миллиардери рус Евгений Пригожин, ки аз ӯ дӯсти президент Владимир Путин ном мебаранд, бо Сурия қарордоди нафтӣ баст. Дар ин бора The Bell рӯзи 27 феврал бо такя ба ду манбаи русии наздик ба музокирот хабар дод.
Ба гуфтаи нашрия, созиши нафтӣ каме пештар аз даргирии ҷангиёни кирояи ширкати низомии "Вагнер"-и Русия бо шӯришгарони Сурия ба вуқӯъ пайваст. Пригожин ташкилкунанда ва сармоягузори аслии ширкати хусусии "Вагнер" номбар мешавад, ки садҳо шаҳрванди Русия дар сафи он дар Сурия меҷанганд.
Сомонаи "Фонтанка"-и Русия хабар медиҳад, ки ширкати "Евро Полис", охири соли 2016 бо мақомоти Сурия ёддошти ҳамкорӣ имзо кард. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрия, "Евро Полис" муваззаф мешавад, ки захирагоҳҳои газу нафтро аз рақибони Башор Асад озод ва амнияти онҳоро таъмин кунад. Ҳиссаи "Евро Полис" аз тавлиди нафту гази Сурия 25 дар сад муайян шудааст.
Охири январи соли 2018 Вазорати энергетикаи Русия эълон кард, ки Маскав ва Димишқ дар заминаи замонавӣ кардани муассисаҳои энерҷии Сурия санадеро бо номи "харитаи роҳ" имзо мекунанд.