Баъди боз шудани гузаргоҳи "Патар – Андархон" миёни Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбекистон даҳҳо нафар аз ду тараф ба дидори наздикони худ расидаанд. Ин гузаргоҳ пас аз тақрибан даҳ соли баста будан, ду ҳафта пеш ифтитоҳ шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ҳақ пайдо карданд, ки тӯли панҷ шабонарӯз ба қаламрави якдигар бидуни виза ва даъватнома равуо кунанд. Дар гузашта онҳо барои сафар ба Узбекистон ё баръакс даъватномаи маросими хурсандӣ ё азои наздиконашонро дастрас карда, бар асоси он виза мегирифтанд.
Аз Бешариқ ба Конибодом
Майрамбӣ Холматова, сокини 80-солаи ноҳияи Бешариқи Узбекистон, баъд аз понздаҳ соли ҷудоӣ ба дидори бародарзодаҳояш расид. Хотираи ин зани солхӯрда қавӣ аст ва пайвандони тоҷикистониашро ном ба ном дар ёд дорад.
Ӯ рӯзи 27-уми феврал дар ҳоле ки аз марз гузашта, дар ҳудуди Конибодом қарор дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бародарам Турғунбой Юлдошев дар инҷо зиндагӣ мекард. Аммо ӯ соли 1991 дар 50-солагӣ даргузашт. Писараш Нуъмонҷон ва духтараш Рисқигул Тоҷибоева дар ҳамин ҷо ҳастанд. Чанд сол боз аз дидори якдигар бенасиб будем. Роҳ боз шуд ва мо ба дидори якдигар расидем."
Даҳҳо нафар дар орзуи гузаштан аз марз
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хуршед Тоҷибоев, набераи бародари Майрамбибӣ Холматова ба пешвози ӯ омада буд. Хуршед мегӯяд, "ману Усмонҷон, набераи очаи Майрамбибӣ тақрибан 15 сол пеш дида будем. Ҳоло бори дувум мебинем."
Мисли оилаи Холматовҳо дар назди гузаргоҳи “Патар”-и Конибодом даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ба чашм мерасиданд, ки аз аз сафар баргашта ё ба меҳмонӣ мерафтанд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо нишон додани шиноснома кофист, ки барои то 5 шабонарӯз ба кишвари ҳамсоя гузарӣ.
Дар он сӯи марз, дар назди гузаргоҳи “Андархон”-и ҷониби Узбекистон даҳҳо нафар ба чашм мерасиданд, ки барои гузаштан ба хоки Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, ки танҳо ангуштшумор сокини калонсол барои иштирок дар маросими азо ё тӯйу сур ба он тарафи марз мегузаштанд, имрӯзҳо даҳҳо нафар бо хотири ҷамъу чеҳраҳои хушу хурсанд азми сафар доштанд.
АКСҲО АЗ МАРЗ:
Ифтитоҳи гузаргоҳҳо дар остонаи сафари Мирзиёев
Бо наздик омадани сафари нахустини давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон, чанд ез гузаргоҳҳо дар марзи ду кишвар фаъол шуданд. Қарор аст, Шавкат Мирзиёев рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон биёяд. Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки дар ҷараёни ин сафари ӯ имзои беш аз 20 созишнома дар назар аст. Яке аз созишномаҳо содда кардани низоми раводидро дар назар дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 12 адади он дар вилояти Суғд мебошад.
То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзодаи ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳи шимоли кишвар боз буд. Гузаргоҳҳои дигарро ҳудуди 10 сол пеш баста буданд.