Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин омодагиҳо ба ифтитоҳи роҳи Амузанг - Хатлон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон барои боз шудани роҳе омодагӣ мегиранд, ки 8 сол пеш баста шуд ва Хатлону мардумашро ба мушкилоти зиёде гирифтор кард. Роҳи Амузанг-Хатлон, мумкин аст, моҳи март дигарбора боз шавад.

Истгоҳи холии Хушодӣ

Ба қарибӣ рафта омадам, роҳҳо то ҳадде хуб шудаанд. Модари 80-солаамро ёд мекунам. Худо хоҳад, роҳ боз шавад, ба дидорашон мерасам

Ба истгоҳи Хушодӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тақрибан 10 сол боз ҳеч қаторе аз Узбaкистон наомадааст. Аммо ҳамакнун истгоҳро барои истиқболи қатори деринтизори мусофирбар аз кишвари ҳамсоя омода мекунанд.

Истгоҳи Хушодӣ, яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани Амузанг-Хатлон аст, ки аз шоҳрагҳои транзитӣ барои ҷануби Тоҷикистон барои зиёда аз 3 миллион аҳолӣ маҳсуб мешавад. Соли 2011, дар аҳди Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон ин шоҳрагро буриданд ва Хатлон аз роҳи арзон ва осони таъмини маводи ғизоӣ ва маҳсулот маҳрум шуд. Иқтисодаш садҳо миллион доллар зарар дид ва пайванди хешутабории сокинони узбактабори Хатлон ҳам тақрибан канд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Роҳи ҷанҷолии Тоҷикистону Узбекистон боз мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Гузаргоҳи "Айвоҷ" ҳам боз мешавад

Ба дунболи қатъи ҳаракат дар роҳи Амузанг-Хатлон гузаргоҳи марзии "Айвоҷ" дар ноҳияи Шаҳритус низ баста шуд. Ҳоло сокинони ду тарафи сарҳад атрофи гузаргоҳро низ тоза ва биноҳои лаби роҳро сафед мекунанд.

Хабари ба зудӣ боз шудани роҳ ва равуои осон байни Тоҷикистону Узбекистон сокинони наздимарзиро дар Шаҳритус хушҳол кардааст. Холида Муатоваи 50-сола ба дидорбинии наздиконаш дар он тарафи марз хеле кам меравад. Мегӯяд, ки аз як тараф гирифтани виза мушкил аст, аз тарафи дигар харҷи сафар – зиёд.

Дар он тарафи марз ҳам омодагӣ ба ифтитоҳи гузаргоҳ ҷараён дорад
Дар он тарафи марз ҳам омодагӣ ба ифтитоҳи гузаргоҳ ҷараён дорад

Ӯ охири солҳои навадум аз вилояти Фарғона ба ноҳияи Шаҳритус арӯс шуда омад ва бо баста шудани роҳҳо хабаргириаш аз наздикон мушкил гардид. "Аз соли 1992 боз дар инҷо зиндагӣ мекунам. Хешутаборам дар Узбекистонанд. Барои рафтан ба онҷо бояд аз гузаргоҳҳое равем, ки фаъол аст. Аз ҷумла, гузаргоҳи ноҳияи Турсунзода. Ба қарибӣ рафта омадам, роҳҳо то ҳадде хуб шудаанд. Модари 80-солаамро ёд мекунам. Худо хоҳад, роҳ боз шавад, ба дидорашон мерасам", - нақл кард ӯ рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Жигулии куҳнаро барои сафар омода мекунанд

Ашин Дӯстёров, сокини дигари Шаҳритус, "Жигули"-и куҳнаашро ба рӯи ҳавлӣ бароварда, таъмир мекунад. Ӯ соли 2005, замоне ки гузаргоҳи "Айвоҷ" фаъол буд, бо ин “Жигули” ба Узбекистон рафт ва меҳмони хешутабораш шуд. Ашин мегӯяд, тасаввур намекард, ки ин мошини вайронаро рӯзе ба умеди сафари дубора ба Узбекистон ва дидори наздикон таъмир мекунад.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, 90 дарсади сокинони деҳаи Лӯбиёкори ноҳияи Шаҳритус, дар наздикии марз бо Узбекистон, дар он тарафи сарҳад хешутабор доранд. Акрамҷон Ғучиев, раиси маҳаллаи Лӯбиёкор гуфт, сокинон солҳо боз дар фикри сафари осон ба кишвари ҳамсоя буданд ва зоҳиран ин баҳор ба орзуяшон хоҳанд расид.

Дар орзуи баҳори нав

"Мушкил аз соли 2009 сар шуд. Визаро дер омода мекарднд. Ҳоло шунидем, ки муносибатҳо хуб шудааст. Ваъда доданд, ки якуми март роҳ боз мешавад ва пеш аз ҳама роҳкиро арзон мешавад", - гуфт мусоҳиби мо.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, боз шудани роҳи оҳан ва гузаргоҳ ба рушди иқтисоди вилояти Хатлон ва манотиқи ҳаммарзи Узбекистон мусоидат мекунад.

Боз кардани роҳи Амузанг-Хатлон ва дубора боз кардани гузаргоҳи "Айвоҷ" яке аз аломатҳои дигари гармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Узбекистон аст, ки баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Ҳаракат дар роҳи Амузангро-Хатлон ҳам зоҳиран бо сафари ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи март шурӯъ мешавад.

XS
SM
MD
LG