Оташбаси 5-соатӣ дар Ғутаи Шарқӣ, ки Русия дирӯз даъват кард, рӯзи 27-уми феврал дар ин минтақаи воқеъ дар канораҳои Димишқ ба амал даромад. Оташбас барои берун шудани ҳудудан 400 ҳазор аҳолии мулкӣ аз минтақаи даргир мусоидат мекунад.
Рӯзи 26-уми феврал президенти Русия ба вазири дифои он кишвар Сергей Шойгу дастур дод, ки риояи оташбаси башардӯстона дар Ғутаи Шарқии Сурияро таъмин кунад. Барои кумак ба сокинони осоишта ва берун овардани захмиён задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳар рӯз бояд аз соати 9 то 14 қатъ шаванд.
Аъзои Шӯрои амнияти СММ рӯзи 24-уми феврал аз қатъномаи эълони оташбаси 30-рӯза дар Ғутаи Шарқӣ ҷонибдорӣ карданд. Дабири кулли созмон Антониу Гутериш аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки фавран оташбаси 30-рӯза эълон кунанд. То дастури Владимир Путин ба Шойгу Русия мегуфт, ки оташбас танҳо баъд аз созиши ҷонибҳо барои риояи он эълон мешавад.
Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ва тирпаронии 26-уми феврал 9 сокини осоишта ҷон бохт. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, як рӯз пеш аз ин, зидди сокинони осоишта хлор истифода шудааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ки "террористҳо" дар Ғутаи Шарқӣ сокинони маҳаллиро ҳамчун "гаравгон" истифода мекунанд.