Духтаре, ки гуфтугӯи Дерипаска ва Приходкоро ошкор кард, дар Таиланд боздошт шуд

Настя Рыбка

Александр Кириллов ва Анастасия Вашукевич, ки бештар бо тахаллуси Алекс Леслӣ ва Настя Рыбка машҳуранд, якҷо бо даҳ шаҳрванди Русия, ки дар Таиланд "секс-тренинг" мегузаронданд, дар Паттайе боздошт шуданд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба манбаҳояш дар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Мақомоти Таиланд иштирокчиёни семинарро озод карда, таҳиягарони онро боздошт карданд. Онҳо дар боздоштгоҳи тафтишотӣ, ҳукми додгоҳро интизоранд. Эҳтмол меравад, ки Киррилов барои фаъолияти ғайриқонунӣ ҷарима шавад.

Алекс Леслӣ ва Настя Рыбка баъди нашри таҳқиқоти Алексей Навалний шӯҳрат ёфтанд.

8 феврал Навалний эҳтимоли даст доштани ноиби нахуствазири Русия Сергей Приходкоро дар фасодкорӣ эълон кард. Тобистони соли 2016 ин мақомдор дар киштии Олег Дерипаско саёҳат ва бо ӯ масъалаи дахолат ба умури интихоботи ИМА-ро матраҳ кард. Дерипаска таҳқиқоти Навалнийро дурӯғ унвон кард ва аз рӯи Настя Рыбка ба додгоҳ шикоят бурд. Мурофиа 1 март оғоз мешавад.