“Якум ба Худо месупорамаш, дувум ба дасти мақомот” ВИДЕО

Азизмад Юсупов

Пайвандони Азизмад Юсупов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб, ба фарзияи худкушии ӯ бовар надоранд ва аз мақомот хостаанд, ки ин қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд. Онҳо мегӯянд, ҷое, ки фарзандашон гӯё худкушӣ кардааст, чандон баланд нест ва пойҳояш ба замин мерасиданд.

Хона даромад, духтарам дар гаҳвора буд. Сарпӯшашро гузошту духтарамро бӯса кард. Чанд бор бӯсид, писарамро ҳам бӯсид.

Далерҷон Бобоев, писари холаи Азизмад Юсупов, рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро дар симе овезон ёфтанд. “Пойҳояш дар замин буд. Ягон ҷойро харошидагӣ набуд, ки ҷон кандааст. Пайе ҳам набуд. Танҳо гулӯяш дар сим баста буд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Якум ба Худои таоло месупорамаш, дуввум ба дасти орган

"Ба додситон гуфтам, ки бовар надорам"

Ҷасади Азизмад Юсупов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлобро рӯзи 19-уми феврали имсол дар ин таҳхона ёфтанд. Ба хонаводаи мотамзадаи афсари 35-сола гуфтанд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Аммо онҳо бовар надоранд.

Солеҳ Юсупов

Солеҳ Юсупов, падари Азизмад Юсупов гуфт, “додситон ба ман гуфт, ки худкушӣ кардааст. Барояш ҷавоб додам, ки бовар надорам. Маро мебахшед, таҳхона паст аст, сари одам мерасад. Агар одам худро овезад, дасту по мезанад. Фарзияи ман ин аст, ки писарамро аз қафо нафасгир карда, баъд оварда мондаанд.”

"Рафту... дигар барнагашт"

Ҳамсари Азизмад Юсупов низ ба фарзияи худкушӣ бовар надорад, ҳарчанд мегӯяд, рафтори шавҳараш он рӯз маъмулӣ набуд. “Хона даромад, духтарам дар гаҳвора буд. Сарпӯшашро гузошту духтарамро бӯса кард. Чанд бор бӯсид, писарамро ҳам бӯсид. Гуфт, ки ҷойгаҳатонро андозед, баъд баромада рафт... дигар наомад”, - нақл кард Мавзуна Бухориева.

Мавзуна Бухориева

Капитани собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки сипосномаҳои зиёде дорад, ба қавли падараш, ба кор содиқ буд ва шикояте надошт.

Мақомоти интизомии Кӯлоб, ки марги Азизмад Юсуповро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, ӯ баъди ҷанҷол бо хешовандони ҳамсараш худро куштааст. Ташхиси ҷасад ҳам вуҷуди машрубот дар таркиби хунашро нишон додааст. Барои ҳамин тамаркузи мақомот сари фарзияи худкушӣ аст.

Манбаъ: Ӯ бо хусурбачаҳояш ҷанг кардааст

Як мақоми интизомӣ дар Кӯлоб, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, “тибқи тафтиши аввалия, Азизмад Юсупов бо хусурбачаҳояш ҷанг кардааст. Дар натиҷа ду нафари дигаре, ки ҳамроҳи Азизмад буданд, захм бардоштаанд. Баъд Азизмад шабонгаҳ маст шуда, мехост дар ваннаи хонааш даст ба хукушӣ занад. Чун занаш аз ин огоҳ мешавад, пешгирӣ мекунад. Занаш ҳамон шаб баромада, ба хонаи хусуру хушдоманаш меравад. Шавҳараш, яъне Азизмад дар хона танҳо мемонад ва худкушӣ мекунад.”

Мастура Сангова

Аммо хонаводаи Азизмад Юсупов сари фарзияҳои худ пофишорӣ доранд ва аз мақомот мехоҳанд, ки ин қазияро ба ин шакл напӯшанд ва ҷиддитар таҳқик намоянд.

Мастура Сангова, холаи Азизмад Юсупов, ки аз номи хонавода гап мезад, гуфт, “имрӯз бачаи мо мурдааст, баргашта намеояд. Аммо касе ин корро кардааст, дар чорчӯби қонун боздошт шавад, то ӯро бибинем. Вақте дидем, дигар даъво намекунем. Аввал ба Худои таоло месупорем, дувум ба орган месупорем, ки ҷазояшро давлат диҳад.”