Вазорати корҳои хориҷии Туркия рӯзи 23 феврал, як рӯз баъд аз овоздиҳии порлумони Нидерландия, дар робита ба "наслкушӣ"- арманиҳо аз тарафи Туркияи Усмонӣ, сафири ин кишварро эҳзор кард. Дар як ҳафтаи ахир бори дуввум аст, ки Эрик Уэстрейт, намояндаи Нидерландия дар умури Анқара, ба Вазорати хориҷии Туркия эҳзор мешавад.
Порлумони Нидерландия рӯзи 22-юми феврал куштори 1,5 миллион арманӣ аз тарафи Туркияи Усмониро "наслкушӣ" эътироф кард. Куштори дастҷамъии арманиҳо соли 1915, дар ҷараёни Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иттифоқ афтодааст.
Туркия қатъномаро, ки бо пуштибонии ҳизбҳои асосии Нидерландия қабул шуд, бо хашм маҳкум кард ва гуфт, ки ин санад "эътибори қонунӣ" надорад.
Эътирофи "наслкушӣ"- и арманиҳо аз тарафи Туркия Усмонӣ робитаи Гаага бо Анкараро печидатар кард.
Соли гузашта, ҳангоми маъракаи интихоботӣ дар Туркия, ҳолландиҳо аз таблиғоти вазири турк дар байни турктаборони Нидерландия ҷилавгирӣ карданд.
Беш аз даҳ кишвари дигари Иттиҳоди Аврупо низ дар робита ба ҳодисаҳои соли 1915 қатъномаҳои ҳамвазн қабул кардаанд. Туркия "наслкушӣ" будани куштори дастҷамъии арманиҳо дар сад соли пешро рад мекунад.