Кинотеатри Маскав барои намоиши филми Сталин ҷарима шуд

Фурӯши чипта барои филми "Сталин" дар Русия

Як кинотеатр дар Маскав барои пахши филми мазҳакавии "Марг ба Сталин", ки намоиши он дар Русия мамнӯъ аст, 100, 000 рубл ҷарима шуд.

Вазорати фарҳанги Русия иҷозаномаи пахши филмро, ки онро коргардони британиявӣ ба навор бардоштааст, чанд рӯз пеш аз нахустнамоиши филм лағв кард.

Кинотетри Пионер, ки махсуси пахши филмҳо ба забони хориҷӣ аст, филмро қабл аз дарфёти номаи лағв, ба экран баровард, аммо баъди ду рӯз аз пахши он даст кашид.

Додгоҳи Маскав рӯзи 22 феврал молики ширкати "Chentromobile - Pioner-ро ба ин муттаҳам кард, ки филмро сарфи назар аз манъи расмӣ пахш кардааст.

Намояндаи Пионер дар додгоҳ гуфт, ки филм қабл аз бекор кардани иҷозаи пахш ба намоиш даромад.

Филми "Марг ба Сталин" ҷанҷоли қудратро дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дафъатан баъди марги Сталин, соли 1953, тасвир кардааст. Филм моҳи октябр дар Британия ба намоиш даромад. Баъзе шахсиятҳои муҳофизакори Русия ин филмро "масхараи таърихи Русия" унвон карданд.