Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси нави фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор додааст. Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи ин созмон дар мақоми 151-ум буд.
Бар пояи ин гузориш фасодзадатарин кишвар Сомалия ва шаффофтарин Зеландияи Нав ҳаст.
Дар шохиси имсолаи Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ, Узбекистон дар радифи 157, Туркманистон дар ҷои 167, Афғонистон дар мақоми 177 қарор доранд. Сомалия, Судон ва Сурия, Судон дар се мақоми ахир қарор гирифтаанд.
Тибқи арзёбиҳои ин гузориш, тайи соли гузашта дар умум вазъияти фасоди молӣ дар ҷаҳон чандон беҳтар нашудааст. Ин гузориш мегӯяд, ки аксари кишварҳо ё пешравии каме доштанд ё аслан вазъият дар онҳо тағйир накардаст. Беҳтарин минтақа аз лиҳози шаффофияти молӣ Аврупои ғарбӣ будааст ва бадтарин Африқои сиёҳ будаанд.
Вазъ дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҳолати миёна будааст.
Шаффофияти Байналмилалӣ мегӯяд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони мустақил дар минтақаҳое, ки фасоди молӣ дар онҷо дар сатҳи болост, "ҳар рӯзи зиндагии худро дар хатар қарор медиҳанд".
Бар пояи ин гузориш, кишварҳое, ки дар муқобила бо фаъолиятҳои расонаҳои озод ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, аз ҷиҳати фасоди молӣ дар бадтарин шароит қарор доранд. Дар кишварҳое, ки фасоди молӣ зиёд аст, дар умум тайи ҳар ҳафта як хабарнигор кушта шудааст.