Додситонии Киев аз рӯи далели ба худкушӣ расонидани донишҷӯдухтари Донишгоҳи миллии тиббӣ - Муқаддас Носиралиева парванда кушодааст.
Ба иттилои вакили дифои хонаводаи Носиралиева, донишҷӯ баъди он ки роҳбарияти донишгоҳ барои тамдиди будубошаш дар Украина санад надод, худкушӣ кардааст.
Додситонӣ тасдиқ мекунад, ки Муқаддас Носиралиева - шаҳрванди Туркманистон - 30 январ аз болои пули Патон дар Киев худро ба дарё партофтааст.
Наздикони Муқаддас мегӯянд, вай соли 2017 донишҷӯ шуд ва дар соли аввал таҳсил мекард. Ба гуфтаи пайвандон, вай бо роҳбарияти факулта моҷаро дошт.
Дар донишгоҳ тасдиқ мекунанд, ки воқеан ин донишҷӯ бо будубошаш мушкил дошт. Муҳлати визаи вай 17 декабри соли 2017 ба охир расида буд.