Би-Би--Си: беш аз 50 шаҳрванди Русия моҳи сентябр дар Сурия кушта шуд

Мақомоти Сурия ва сарбозони ҳукуматӣ дар назди постери "Хуш омадед ба Дайр аз-Зур"

Моҳи сентябри соли 2017, эҳтимол дар Сурия беш аз 50 шаҳрванди Русия,аз ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия кушта шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Би-Би-Си, баъди омӯзиши санади шаҳрванди кушташудаи Русия Евгений Аликов аз Вилояти Архангелск, гузориш дод.

Гуфта мешавад, ки Аликов ҷангии "Вагнер" буд. Ӯ аввали моҳи сентябри соли 2017 дар вилояти Ҳомси Сурия ба ҳалокат расид. Санади марги Аликовро сафорати Русия дар Сурия таҳти рақами 77 таҳия кардааст. Қаблан хабаргузории Reuters бо нашри матлабе дар бораи сарбозони рус айни чунин санадро таҳти рақами 131 зикр кард. Тафовути 56 адад ба гуфтаи Би-Би--Си, теъдоди шарвандонеро нишон медиҳад, ки дар Сурия кушта шудаанд.

Моҳи сентябри соли 2017 нерӯҳои ҳукумати Сурия, ки гуфта мешавад сарбозони гурӯҳи низомии "Вагнер"-и Русия ҳам дар сафи онҳо буданд, бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" дар вилотяи Ҳомс ва Дайр аз-Зур вориди даргирӣ шуданд.

Фаъолияти ширкатҳои хусусии низомӣ дар Русия мамнуъ аст ва Қонуни ҷиноӣ ин гуна фаъолиятро ҳамчун "зархаридӣ" муҷозот мекунад. Мақомоти Русия эътироф мекунанд, ки эҳтимол баъзе довталабон аз Русия бо тарсу ҳарос ҳам бошад, дар дар ин ҷанг иштирок мекунанд.

Рӯзи 7 феврал дар пайи даргирӣ дар Фурот, ҷануби шарқи Сурия ва зарбаҳои ҳавоии ИМА аз даҳҳо то садҳо сарбози нерӯҳои ҳукумати Сурия, бо шумули ҷангиёни гурӯҳи русии "Вагнер" ба ҳалокат расид. Вазорати корҳои хориҷии Русия марги панҷ нафари онҳоро ба зӯр этироф кард.