Занҳои Сауди акнун метавонанд бе иҷозаи шавҳар бизнес кунанд

Занҳои Саудӣ ҳангоми тамошои футбол дар варзишгоҳ

Занҳои Арабистони Саудӣ барои оғоз ва пешбурди тиҷорат дигар ба иҷозаи ҳамсарҳояшон ё мардҳои хонавода ниёз надоранд. Дар ин бора сомонаи Arab News, рӯзи 18 феврал аз қавли Вазорати Саудӣ дар умури тиҷорат ва сармоягузорӣ хабар дод.

Чанд моҳ боз дар Арабистони Саудӣ бо ибтикори шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон ислоҳот ҷараён дорад. Моҳи октбр занҳо аз ҳуқуқи ронандагӣ ва ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе раҳбарии мардҳо, бархурдор шуданд.

Моҳи январ маълум шуд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ ироаи раводид ба занҳои болои синни 25-ро ба роҳ монданд ва ба занҳо иҷозат доранд, ки танҳо сафар кунанд. Қаблан занҳои ҷавон ҳақ надоштанд бе раҳбаладии ҳамсар ва ё ягон марди хонавода ба Арабистони Саудӣ раванд.

Миёнаҳои моҳи феврал Додситонии кулли ин кишвар барои қабули занҳо ба сифати муфаттиш сабқат эълон кард.

Чанд моҳ пеш мақомоти Саудӣ ҳамчунин баргузории консерт ва намоишҳои тафреҳиро имконпазир карданд. Охири соли равон эълон шуд, ки баъди 36 сол дари кинотеатрҳо ба рӯи тамошобинон боз мешаванд.

Ба гуфтаи мақомот, ислоҳот бояд самтҳои дигари иқтисоди Саудиро, ки пойбанди нафт аст, рушд диҳад.