Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида ҳақи қонунии Туркияро барои таъмини амнияти марзҳояш эътироф мекунад. Изҳороти Тиллерсон рӯзи 16 феврал дар мулоқоти Анкара пахш шуд, ки бо ҳадафи нарм кардани ташаннуҷ дар байни ду кишвари узви НАТО баргузор шуд.
Тиллерсон баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлӯ аз Анкара даъват кард, ки ҳангоми амалиёташ дар Африн, минтақаи таҳти назорати курдҳои Сурия, ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи бештар, худдорӣ нишон диҳад.
Човушоглӯ низ дар ҳамин дар нишасти матбуотӣ бо Тиллерсон гуфт, ки Туркия ва Ийолоти Муттаҳида барои ба эътидол овардани равобит ва эҷоди "механнизм"- ҳалли масоили мушкилсоз тааҳуд карданд.
Ончӣ Туркияро ба Вашингтон хашмгин кардааст, пуштибонии ИМА аз ҷангиёни Курд, маълум бо номи "Воҳиди ҳимоят аз мардум" аст.
Туркия ин шарики ИМА дар ҷанг бар зидди гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро гуруҳи террористӣ эълон кардааст, ки ба гуфтаи Анкара бо шӯришгарони курди дохили Туркия робита дорад.
Шоми дирӯз Тиллерсон бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон беш аз се соат мулоқот кард. Дар хотимаи мулоқот ҳарду гуфтанд, ки дидору гуфтгӯ созанда, аммо бенатиҷа буд.