Юсуф Раҳмон дар Маҷлиси Миллӣ гузориш медиҳад

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ дар бораи "риоя ва иҷрои қонунҳо" гузориш медиҳад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ имрӯз, ҷумъаи 16-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба гуфтаи масъулони Маҷлиси Миллӣ, дар ин ҷаласа тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, зотпарварӣ ва ғалла низ баррасӣ хоҳад шуд. Ин тағйирот қаблан дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шудааст.

Инчунин, Маҷлиси Миллӣ қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ивази номи чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррасӣ хоҳад кард. Бар асоси ин қарори ҳукумат, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставелӣ, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иваз шудаанд. Номи нави шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз шудааст. Баъди таъйиди Маҷлиси Миллӣ ва имзои раиси ҷумҳур ин тағйирот мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

ба иттилои масъулони Маҷлиси Миллӣ, иҷлосияи навбатӣ дар нимаи дуввуми имрӯз баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта иҷлосияҳои ММ дар нимаҳои аввали рӯз баргузор мешуданд. Манобеъ дар Маҷлиси Миллӣ гуфтаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба баргузории ҷаласаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ ба нимаи дувуми рӯз гузошта шудааст.