Гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Ҷиззах

Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи ду кишвар гуфтугӯҳо сурат гирифтааст. Аз дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин музокирот аз 7 то 16-уми феврал дар шаҳри Ҷиззахи Узбекистон доир шуд.

Манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин гуфтугӯҳо гурӯҳҳои кории ду ҷониб ширкат доштанд, ҷонибҳо оид ба муаяйнсозии хатти сарҳади давлатии ду кишвар дар қитъаҳои боқимонда, суҳбат карданд. Манбаъ мегӯяд, ки пас аз ин дидору мулоқотҳо як протокол ҳам имзо шудааст.

Ин гуфтугӯҳо дар остонаи сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад. Қарор аст оқои Мирзиёев дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар намояд. Ин нахустин сафари Мирзиеёв ба Тоҷикистон пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳури Узбекистон мебошад.

Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳам ҳудуди 900 километр марзи муштарак доранд.