Дар роҳ ба Хуҷанд 7 нафарро аз зери тарма берун оварданд

Охири январи соли 2017 ҳам шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар зери барфу тармаи зиёд монда буд

Гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери тармаву барф дар роҳи Душанбе - Хуҷанд 7 нафарро зинда берун оварданд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, ҳодиса дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод.

Ҳангоми ҳаракати ду мошини сабукрав дар ин қитъаи роҳ тарма фаромад ва мошинҳоро пурра зери барф пӯшонд.

“Дар натиҷаи амалиёти наҷот, аз зери қабати ғафси барф 7 мусофири мошин зиндаву саломат берун оварда шуд. Онҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд”, - гуфтааст Юсуфӣ.

Ба ҳамаи онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд ва ба макони амн интиқол ёфтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони Тоҷикистон машварат додааст, ки бо сабаби хатари тармафароӣ то 17-уми феврал аз ҳаракат дар роҳҳои дарозу кӯҳӣ ва дар макони хатарнок худдорӣ кунанд.

"Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим яхбандиҳои шадид, лағзиши тарма ва ҷамъ шудани барф дар назар дошта шудааст. Бахусус хатари лағзиши тарма ва сангреза таҳдид мекунад", - гуфта шудааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.