Захарова: Дар Сурия эҳтимол 5 шаҳрванди Русия кушта шудааст

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки хабарҳо дар бораи кушта шудани садҳо шаҳрванди Русия аз зарбаҳои ҳавоии эътилофи таҳти назари ИМА, иттилооти ғалат аст.

Захарова рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, имкон дорад панҷ нафар, ки эҳтимол шаҳрванди Русия ҳастанд, дар Сурия ба ҳалокат расиданд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, сухан аз боби нерӯҳои низомии Русия нест. Гап дар бораи чанд нафарест, ки шаҳрвандии онҳо ва далели будубоши онҳо дар Сурия бояд таҳқиқ шавад.

Гузоришҳо аз ҳалокати садҳо ҷангҷӯи кирояи Русия, ки дар сафи нерӯҳои Башор Асад меҷангиданд, ду рӯз боз дар сархати хабарҳо қарор гирифтааст. Аммо бори аввал аст, ки намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ин хабарро расман шарҳ дод. Захарова матбуоти Амрико ва мухолифини Сурияро ба пахши хабарҳои ғалат аз ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия муттаҳам кард.

Қаблан расонаҳои хабарӣ бо такя ба манбаъҳои худ ва ҳамхидматҳову хешони кушташудаҳо, дар бораи кушта шудани теъдоди зиёди ҷангиёни рус дар Сурия гузориш доданд. То ҳол номи ҳашт кушташуда ошкор шудааст.