Эътирофи Косово – пешшарти ҳамоиши Сербистон бо ИА

Президенти Сербистон Александр Вучич ва вазири умури хориҷии Олмон Зигмар Габриэл

Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон, гуфт, Сербистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо бояд истиқлолияти Косоворо эътироф кунад.

Ӯ шоми 14-уми феврал дар Приштина дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Косово Рамуш Ҳарадинаҷ афзуд, "агар Сербистон мехоҳад ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шавад, бунёди волоияти қонун шарти аввал аст ва, албатта, эътирофи истиқлолияти Косово."

Габриэл гуфт, айни ҳамин пайғомро субҳи чаҳоршанбе дар Белград ба мақомоти Сербистон расонд.

Косово як вилояти пешини Сербистон аст, ки 10 сол пеш аз он канда шуд. Бо онки 115 кишвари дунё, бо шумули 23 давлати Иттиҳоди Аврупо Косоворо ба ҳайси давлати мустақил эъироф кардаанд, Сербистон истиқлолияти онҳоро ҳеч гоҳ напазируфт.

Сербистон мехоҳад, то соли 2025 узви Иттиҳоди Аврупо шавад, ҳадафе, ки Брюссел низ онро пайгирӣ мекунад ва мехоҳад Балкани Ғарбиро таҳти чатри худ бигирад. Мақомоти Сербистон, инчунин, умед доранд, ки эътирофи Косово шарти калидии ҳамроҳ шудан ба Иттиҳод нашавад.