КМИР аз "Шабакаи 1" хост, ки намоиши филми Путинро қатъ кунад

Мулоқоти Путин бо Оливер Стоун

Кумисюни марказии интихоботи Русия аз телевизиони "Шабакаи аввал"-и он кишвар даъват кард, ки то охири маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мақоми президентӣ, аз намоиши филми Оливер Стоун дар бораи Путин худдорӣ кунад. Дар ин бора Элла Памфилова, раиси КМИР, рӯзи 14-уми феврал ба хабарнигорон маълумот дод.

Памфилова ҳамзамон таъкид кард, Филми "Интервю бо Путин" райъдиҳандагонро "ба тарафдорӣ ё муқобил будан ташвиқ намекунад" ва ба ҳеч номзад бартарӣ намедиҳад.

Рӯзи гузашта ҳизби "Яблоко" "Шабакаи аввал"-ро ба тарғиби ғайриқонунӣ ба фоидаи раҳбари давлат муттаҳам намуд. Раиси ин ҳизб Эмилия Слабунова бо талаби қатъи намоиши филм ба КМИР муроҷиат кард.

"Шабакай аввал" то ҳол ду бахши филми чаҳорсериягиии "Интервю бо Путин"-ро намоиш дод.

Аввали моҳи феврал Элла Памфилова сухангӯи Кремлин Дмитрий Песковро барои таблиғот ба фоидаи Путин ҳушдор дод. Сухангӯи Кремлин моҳи декабр Путинро "баргузидаи афкори умум ва раҳбари комили сиёсӣ" номид, ки ба гуфтаи Песков касе наметавонад бо ӯ рақобат кунад. Песков баъдан узр пурсид ва гуфт, минбаъд аз эҳтиёт кор мегирад.