Вазири хорҷии Нидерландия барои дурӯғаш дар бораи Путин истеъфо дод

Ҳалбӣ Зейлстра, нахуствазири пешини Нидерландия

Вазири умури хориҷии Нидерландия Ҳалбе Зейлстра аз мақомаш истеъфо дод. Зейлстра ахиран иқрор шуд, ки соли 2006 бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот накардааст ва гуфтаҳояш дар ин бобат дурӯғ буданд.

Ӯ гуфт, ин кори ӯ ба обрӯву эътибораш ба ҳадде осеб расондааст, ки дигар наметавонад корро дар мақоми вазири умури хориҷӣ идома диҳад.

Зейлстра дар суҳбат бо De Volkskrant гуфт, ки соли 2006 дар ягон мулоқоти Путин ҳузур надошт ва ҳамчунин суханеро, ки гӯиё президенти Русия гуфта бошад, ба ҳайати "Русияи бузург" бояд Украина, Белорус, Қазоқистон ва кишварҳои назди соҳили Балтик шомил шаванд, нашунидааст.

Хабаргузории ТАСС субҳи 13 феврал навишт, ки қарор аст, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои худ аз Нидерландия рӯзи 14 феврал дар Москва мулоқот кунад.