Мақомоти Эрон марги академики эронӣ-канадаӣ дар зиндони Евини Теҳронро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯ худкушӣ кард. Иддаое, ки писраи Ковус Саид Имомӣ бовар надорад.
Ковус Саид Имомӣ "яке аз гумонбарои қазияи ҷосусӣ буд, ки мутаасифона худкушӣ кард, зеро медонист, ки бисёриҳо алайҳи ӯ шаҳодат доданд ва худаш ҳам эътироф карда буд",- гуфт додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ ба хабаргузории нимарасмии ILNA рӯзи 11 феврал.
Фаъолон мегӯянд, ки маргҳои мурмузи дигар низ дар зиндонҳои Эрон ҷой доранд, ки мақомот онҳоро "худкушӣ" эълон кардаанд.
Саид Имомии 63-сола рӯзи 24 январ боздошт шуда буд.
Мақомоти Теҳрон ба ҳамсари ӯ гуфтанд, ки Ковус Саид Имомӣ рӯзи 9 феврал дар зиндони Евин даргузашт. Дар ин бора писари ӯ Раам Имомӣ дар саҳифаи Фейсбук навишт. Ба навиштаи ӯ хонаводааш мехоҳад ҷасадро колбадшкофони мустақил муоина кунанд.