Як хонандаи синфи нӯҳум дар шаҳри Душанбе бо мошини тамғаи "Лексус RХ-330” як донишҷӯйро пахш кардааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал гуфтанд, ки ҳодиса 1-уми феврал рух додааст. Ба иттилои манбаъ, "ронанда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сино аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, Сомонӣ Қурбонов, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи кӯҳии металлургиро пахш намуд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард".
Дар натиҷа, ин донишҷӯ маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, дар пайи ҷустуҷӯи мақомоти пулис, ронанда Ҳадятуллоҳ Сайдалиеви 16-сола, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, боздошт шудааст. Мошини навъи "Лексус RX-330" ба падари ин ҷавон Абдулҳамид Сайдалиев тааллуқ доштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Дар солҳои гузашта чанд садамаи нақлиётӣ бо ширкати ноболиғон сабт шуда буд. Пурсарусадотарини онҳо садамаи Расули Амонуллоҳ, писари раиси собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, мебошад.