Ким Ҷонг Ун аз президенти Куриёи Ҷанубӣ хост, ба Пхенян равад

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубиро барои дидор аз Пхенян даъват кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 10-уми феврал дар ин бора хабар дод.

Агар ин сафар сурат гирад, аввалин дидори раҳбарони ду Куриё дар муддати беш аз даҳ сол хоҳад буд.

Хоҳари раиси ҷумҳури Куриёи Шимолӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад. Сухангӯи раёсати ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, вай даъвати шахсии бародарашро дар ҷараёни мулоқот бо Мун Ҷӣ, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, супурдааст.

Дар сурати сафари Мун Ҷӣ ба Куриёи Шимолӣ ин нахустин дидори раҳбарони ду кишвар пас аз соли 2007 ба шумор меравад.