Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбекистон дар Тоҷикистон, ба поён расидааст. Шоҳисломови 67-сола тайи тақрибан 13 сол намояндаи расмии Узбекистон дар Душанбе буд.
Ҷониби Узбекистон ҳанӯз номи сафири навашро дар Тоҷикистон эълон накардааст.
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми феврал Шоҳқосим Шоҳисломовро ба хотири анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфтааст. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду тараф баррасӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Аслов "барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон" ба Шоҳқосим Шоисломов изҳори сипос кардааст.
Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ӯ дар рушди равобити ду кишвар нақши муассир надошт. Дар замони сафирии ӯ равобити Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида буд.
Ҳоло маълум нест, Шоҳқосим Шоҳисломов ба кори дипломатӣ идома хоҳад дод ё бознишаста хоҳад шуд. Вай пеш аз омаданаш ба Душанбе дар соли 2005, ба ҳайси сафири Узбекистон дар Русия кор кардааст.