Илҳом Алиев аз ҳизби ҳокими Озарбойҷон номзад ба президентӣ шуд

Илҳом Алиев

Ҳизби ҳокими Озарбойҷон президенти дарозумри ин кишвар Илҳом Алиевро барои иштирок дар интихоботи бармаҳали моҳи апрел номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур пешбарӣ кард.

Анҷумани ҳизби ҳокими "Озарбойҷони нав" рӯзи 8-уми феврал номзадии Алиевро дар ҳоле пешбарӣ кард, ки се рӯз қабл президент бо як фармони ғайриинтизор рӯзи баргузории интихоботро аз 17-уми октябр ба 11-уми апрел кӯчонд.

Алиев дар фармони рӯзи 5-уми феврал сабаби пеш овардани рӯзи интихоботро шарҳ надод, аммо гуфт, ин амр мутобиқи Қонуни асосӣ ва Қонуни интихобот аст.

Мушовири президент Алӣ Ҳасанов дар заминаи шарҳи таҳаввулот гуфт, баргузории пеш аз мӯҳлати интихобот ба чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ рабт дорад, ки охири сол дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Мухолифин инро талоши пешгирӣ аз омодагии беҳтари номзадҳо унвон карда мегӯянд, интихоботро "бойкот" хоҳанд кард.