Давлатзода: Cарнавишти "Умед-88"-ро сохторҳои интизомӣ баррасӣ мекунанд

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз рӯзи 8-уми январ иттилои бархе аз расонаҳо дар бораи дар як сол то ба 200 ҳазор нафар коҳиш ёфтани теъдоди соҳибкорон дар кишварро бепоя унвон кард. Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорон ба беш аз 301 ҳазор нафар расида, танҳо дар як сол ба 31 ҳазор адад бештар шудааст.

Ҷаноби Давлатзода ҳамчунин хабар дод, ки Корхонаи муштараки “Зарафшон” ҳамчунон фаъолияти худро идома медиҳад ва хабарҳои нашрияҳо дар бораи қатъи фаъолияти он ба далели қарздориаш аз пардохти андозҳо воқеият надоранд. Дар идомаи сӯҳбат Нусратулло Давлатзода дар робита ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ гуфт, ки танҳо ширкатҳои “Индиго” ва “Таком” аз андоз ҳудуди 151 миллион қарздоранд ва баҳсҳои судӣ бо онҳо идома дорад.

Дар робита ба фаъолияти ширкати "Умед 88" Давлатзода гуфт, ки воқеан ин ширкат аз андоз 4,5 миллион сомонӣ қарздор буд ва ҳоло сарнавишти ин ширкати таъминкунандаи маводи сӯхтиро сохторҳои интизомӣ баррасӣ мекунанд.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи иҷрои тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар бораи роҳандозии имтиёзҳои андозӣ ба фаъолияти соҳибкорон танҳо дар соли ҷорӣ ҳудуди 150 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар камтар маблағ ворид хоҳад шуд.

Нусратулло Давлатзода дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзи гузашта Маҷлиси намояндагон ҷорӣ кардани имтиёзҳои андозӣ дар фаъолияти ширкатҳо ва соҳибкороне, ки машғули тавлиди доруворӣ, либосдӯзи, истихроҷи маъдан ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба тамошои Тоҷикистон машғуланд аз пардохти бархе аз анвои андози ба мисли андоз аз арзиши изофашуда ва пардохти ҳаққи иҷораи замин то ба шаш сол озод карда шуданд.

“Тибқи ҳисобҳои пешакии мо танҳо дар соли ҷорӣ аз ин ҳисоб мо наметавонем ҳудуди 150 миллион сомонӣ андозпулиро ҷамъоварӣ кунем”, - гуфт Давлатзода ва афзуд, ки ин амр танҳо ба хотири рушди истеҳсолот дар Тоҷикистон аст ва солҳои минбаъда таъсири манфии онро ҳама сокинони кишвар эҳсос хоҳанд кард.

Вале ба гуфтаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ин маблағи андоз аз ҳисоби афзоиши воридоти андозпулиҳои ширкатҳои тавлидкунанда ҷуброн хоҳад шуд.