Нирӯҳои махсуси дохилӣ, ки баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар соли 2005 аз вазорати корҳои дохилии Узбекистон гирифта ва ба ихтиёри хадамоти амнияти миллии ин кишвар супурда шуданд, дигарбора ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ мегузаранд.
Ин ислоҳот баъди он сурат мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 31-уми январ "дар бораи бозсозии Хадамоти амнияти миллӣ бо назардошти талаботи муосир" дастур дод.
То кунун дақиқ нест, ки дар баробари нерӯҳои махсуси дохилӣ, кадом сохтори дигар ба ихтиёри ВКД мегузаранд. Аммо ба иттилои манбаъҳо аз дохили Узбекистон, зерсохторҳое, ки дубора ба ихтиёри ВКД дода мешаванд, аз ҳисоби беҳтарин ва озмудатарин афсарон ташкил шудаанд.
"Ин зерсохторҳо бо ташаббуси вазири пешини корҳои дохилии Узбекистон Зокирҷон Алматов таъсис шуда буданд. Дар ин сохторҳо онҳое дохил буданд, ки омодагиҳои ҷиддиро доштанд. Баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон эътимоди Каримов ба ВКД коста шуд ва Иноятов ин сохторро ба ихтиёри худ гирифт", - гуфт манбаъ аз шаҳри Тошканд.
Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон 30-юми январ аз мақом барканор шуд. Вай 23 соли охир ин ниҳодро роҳбарӣ мекард.