Ин фоҷиа рӯзи 5-уми феврал дар ноҳияи Алтиариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон рух дод. Кӯдакро касе аз боғчаи бачаҳо нагирифт ва мураббӣ ӯро якҷо бо бачаҳои дигар ба хона фиристод.
Шаби ҳамон рӯз ҷасади кӯдакро бо чанд захм каме дуртар аз боғча пайдо карданд. Як нафар бо гумони куштор боздошт шудааст.
Ба гуфтаи наздикони духтар, як қабурғаи ӯ шикаста ва чанд ҷои баданаш захм дорад. Кӯдакро рӯзи 7-уми феврал дафн карданд.
Як мураббии боғча мегӯяд, волидони кӯдаки кушташуда дар Туркия муҳоҷири корӣ буданд ва духтаракро модарбузургаш нигоҳубин мекард.
Мураббӣ аз қавли кӯдакони дигар мегӯяд, духтаракро зоҳиран марди дучархасаворе бо ширинӣ фиреб дод ва бо худ бурд. Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Марди савори дучарха боздошт ва бозпурсӣ мешавад.
Мақомот мегӯянд, дар бадани кӯдак осори таҷовуз ошкор нашуд. Муфаттишон фарзияи зери қатор мондани ӯро аз эҳтимол дур намедонанд.