Стив Уинн, муассис ва роҳбари Wynn Resorts, бузургтарин ширкати молики чандин қиморхона, дар пасманзари иттиҳоми озори ҷинсӣ рӯзи сешанбе аз мудирӣ ва раисии шурои мудирон истеъфо дод.
Уинн дар аризаи истеъфояш навишт, ки баъди ин иттиҳомоти беасос дигар наметавонад ба ширкат роҳбарӣ кунад.
10 рӯз пеш нашрияи Wall Street Journal дар матлабе навишт, ки Уинн давоми солҳо аз занҳои ходими қиморхонаҳояш талаби хизмати шаҳвонӣ мекард. Ба иттилои нашрия, Уинн маҷбур шуд ба ороишгаре, ки дар коргоҳаш бо ӯ ишқварзӣ карда буд, бештар аз 7 миллион доллар пардозад.
Дар ҳоле, ки Уинн ин айбҳоро рад мекунад, комисияи вежаи Аёлати Невада пажуҳмшеро аз рӯи ин иттиҳомот шуруъ кард. Уинн ҳамчунин маҷбур шуд, аз мақоми раиси молии Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ истеъфо диҳад.
Стив Уинн дар рӯйхати тӯлонии намояндагони дурахшони Ҳолливуд, расонаҳои амрикоӣ ва ҷаҳони тиҷории ин кишвар охирин нафарест, ки баъд айбдоршавиҳо дар хушунати ҷинсӣ аз мақом истеъфо медиҳад.