Вазорати дини Қазоқистон мехоҳад, ба кодекси маъмурии ин кишвар бандеро барои таҳқири эҳсоси диндорону бединон ворид кунад. Дар ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба лоиҳаи қонуни мазкур аз ин тағйирот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва вакилони порлумон ҷонибдорӣ карданд.
Қонунҳои амалкунандаи Қазоқистон "барои таҳқири эҳсоси диндорон" ҳам ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷиноӣ пешбинӣ кардаанд, вале эҳсоси бединон зикр нашудааст. "Бар пояи тағйироти эҳтимолӣ, "барои таҳқири эҳсосу шарафи диндорон ва бединон бо ангезаҳои динӣ" ҷарима дар ҳаҷми беш аз 120 ҳазор танга ($370) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 481 ҳазор танга ($1483) муайян шудааст.
Ба гуфтаи муовини вазири дини Қазоқистон ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Берик Арин, ин пешниҳод дар рафти суҳбат бо намояндагони ақалиятҳои динии дигар ба миён омадааст ва "инҷо сухан дар бораи эҳсосу шарафи инсон новобаста ба дин меравад".
Арин мегӯяд, дар Қазоқистон вақтҳои ахир ҳатто бединон метарсанд, ки муносибати худро бо дин ошкор кунанд. "Бовар кардан ё накардан ба дин ин ҳаққи шахсӣ ва озодии шаҳрвандон аст", - афзуд Берик Арин.