Пӯшидани тоқӣ дар мактабҳои Узбекистон "тавсия" мешавад

Кудаки тоқипӯше дар Узбакистон

Хонандагони як қатор мактабҳои вилояти Тошканд вазифадор шудаанд, ки ба дарсҳо бо тоқии миллӣ ҳохир шаванд. Омӯзгорони макотиби ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Уртачирчиқи вилоят мегӯянд, хонандагон ҳоло бо тавсияи мақомоти маҳаллӣ дар дарсҳо тоқӣ мепӯшанд.

Як масъули Вазорати маорифи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъд аз он ки президент Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, "бо мақсади рушди фарҳанги насли наврас" дар мактабҳо либоси ягона роҳандозӣ шавад, онҳо ҳамчун таҷриба пӯшидани тоқии миллӣ дар макотиби вилояти Тошкандро ба роҳ мондаанд.

Вале бархе аз волидон дарТошканд аз ин иқдоми нави мақомот розӣ нестанд. Сокини Бӯстонлиқ Мирҷалол Отахонов гуфт, мудири мактабе, ки дар он фарзандонаш таҳсил мекунанд, аз тамоми волидон хостааст, пули тоқии кӯдаконашонро пардозанд.

"Дар мактаб гуфтанд, ки пул ҷамъ карда, барои ҳамаи хонандагон якхел тоқӣ мехаранд. Ман ба мудир гуфтам, ки "фармони Вазорати маорифро дар ин бобат нишон диҳед, вале ӯ чизеро нишон надод. Фикр мекунам, ин гуна фармон аслан вуҷуд надорад. Ба ҷуз ин, мудир гуфт, бастани галстук ҳам ҳатмӣ аст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Президенти Узбекистон тобистони соли гузашта дар як ҷаласаи видеоии худ гуфта буд, ки ҷонибдори ҷорӣ кардани либоси ягона дар мактабҳо аст.