Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ, палтааи болии порлумон, дар бораи “риоя ва иҷрои қонунҳо” гузориш хоҳад дод. Мақомоти Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷаласаи навбатӣ рӯзи 16-уми феврал таъйин шудааст.
Дар ин ҷаласа тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, зотпарварӣ ва ғалла низ баррасӣ ва қабул хоҳад шуд. Ин тағйирот қаблан дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шудааст.
Инчунин, Маҷлиси Миллӣ қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ивази номи чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррасӣ хоҳад кард. Бар асоси ин қарори ҳукумат, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставелӣ, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иваз шудаанд.
Номи нави шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз шудааст. Баъди таъйиди Маҷлиси Миллӣ ва имзои раиси ҷумҳур ин тағйирот мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.