Дар задухурди муҳоҷирони Фаронса 5 нафар захмӣ шуд

Вазири умури дохилии Фаронса Гералд Колломб дар саҳнаи зудухурди муҳоҷирон. 2 феврали соли 2018

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки ҳангоми задухурди муҳоҷирон Афғон ва Африқоӣ, рӯзи 1 феврал дар бандари Калаиси шимоли Фаронса, панҷ нафар аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуд.

Вазъи чаҳор зодаи 16-18 солаи Эритрея сангин арзёбӣ мешавад. Захмии панҷум бо чандин ҷароҳат ба бемористон шаҳри Лилл интиқол ёфт.

Дар ин ҳодиса беш аз даҳ нафари дигар, бо шумули ду ходими пулис ҷароҳат бардошт. "Хушунат то ҳадде афзоиш ёфтааст, ки барои мардум Калаис ва худи муҳоҷирон ғайри қобили таҳаммул шудааст",- гуфт вазири умури дохилии Фаронса Герард Колломб, ки шаби гузашта аз Калаис боздид кард. Вазир афзӯд, ки онҳо ин сатҳи хушантро то ҳол таҷруба накарда буданд.

Биноба гузоришҳо задухурд дар вақти тақсими ғизо сар зада, 100 эритриягӣ бо 30 афғон боздошт шуданд. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд даргирӣ баъди тир кушодани як муҳоҷири афғон сар шуд.

Урдугоҳи машҳури Ҷангал дар Калаис, як замон то 8 ҳазор паноҳанда дошт, ки мехостанд худро аз ин ҷо ба Британия расонанд. Мақомот ин урдугоҳро соли 2016 вайрон карданд, аммо садҳо муҳоҷир бо умеде дар ин бандар боқӣ мондаанд, ки тавонанд тавассути нақб ба Британия гузаранд.