Ҷеенбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Сооронбой Ҷеенбеков ва Қоҳир Расулзода. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 1-уми феврали соли 2018

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, баъд аз зуҳри 1-уми феврал бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, пешвоз гирифт.

Пас аз интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон дар интихоботи соли гузашта ин сафари нахустини расмии Ҷеенбеков ба Душанбе аст.

Қарор аст, ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот карда, равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, мушкилоти марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи “CASA-1000-ро баррасӣ намоянд.

Гуфта мешавад, масъалаи ташхиси марзи ду кишвар, хусусан роҳҳои ҳалли қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳад аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи сарони ду кишвар хоҳад буд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак то имрӯз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст ва мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.