Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, бо вуҷуди фишорҳои хориҷӣ мардум аз рӯҳониёни ҳоким бар кишвар ҳимоят мекунанд, вале афзуд, ки раҳбарони Эрон бояд ба садои тазоҳургароне гӯш бидиҳанд, ки чанде пеш ба хиёбонҳои Эрон рехтанд. Ҳасан Рӯҳонӣ бо ишора ба суқути ҳукумати Ризошоҳи Паҳлавӣ шоҳи Эрон гуфт:
“Режими гузаштае, ки фикр мекард, салтанати ӯ мудомулумр ва ҳукумати салтанатии абадист, ба ин далел ҳама чизро аз даст дод, ки садои нақди мардумро нашунид, садои насиҳати мардумро нашунид.”
Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора рӯзи 31-уми январ ва чанд соат баъд аз он сӯҳбат кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш дар канори он мардуми Эрон истодааст, ки алайҳи “режими фосиди” Эрон сар боло карданд.
Рӯҳонӣ бо ишора ба Амрико гуфт, то замоне, ки мардум фарҳанги исломӣ ва Эрони худро дӯст медоранд ва дар ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳастанд, ҳеҷ абарқудрате роҳи онҳоро тағйир дода наметавонад.