Қирғизистон садамаи Маркази гармидиҳиро ҷиноят эълон кард

Маркази гармидиҳии Бишкек

Додситонии кулли Қирғизистон дар робита ба садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бо банди "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар натиҷаи ин садама ҳарорати оби низоми гармидиҳӣ поин рафта, интиқоли оби гарм ба сокинон қатъ шуд.

Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба масоили энергетикӣ ва сӯзишворӣ рӯзи 30 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек ҷаласаи сайёр баргузор карда, бо вазъ аз наздик ошно шуд.

Намояндаи порлумон Аида Касмалиева пешниҳод кард, ки масъулони ирн ниҳод ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вакилони қирғиз гуфтанд, бо ташкили як комисияи махсуси порлумонӣ бояд санҷида шавад, ки ҳангоми азнавсозии марказ 386 миллион доллар дар куҷо харҷ шудааст.

"Ин хунукназарӣ аст. Дар баробари кормандони оддӣ мақомҳои бахши энергетикаро низ бояд ба ҷавобгарӣ кашид. Ҳамчунин бояд муайян кард, ки чаро 386 миллион доллар барои пурра замонавӣ гардонидани марказ нарасидааст. Ин маблағи калон аст. Мо инҷо пурсидем, вале ҷавоби қонеъкунанда нагирифтем", - афзуд Касмалиева.

Шаби 26 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек садама рух дод. Аз он замон ба ин сӯ дар баъзе аз ноҳияҳои пойтахти Қирғизистон на низоми гармидиҳӣ кор мекунад ва на оби гарм ҳаст. Бештари сокинон маҷбур шудаанд, дастгоҳҳои гармидиҳии барқиро истифода кунанд.

Корҳои азнавсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, ки соли 2014 бо 386 миллион доллар қарзи Бонки содироту воридотии Чин оғоз шуда буданд, тобистони соли гузашта ба поён расиданд.